Ҷинояткорӣ миёни ҷавонон: Кам шуд, ё зиёд?
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сатҳи ҷинояткорӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 5,6 % (аз 8428 то 7952 ҳолат) кам гардида, ошкоршавии ҷиноятҳо 92,5 %-ро дар нимсолаи аввал ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, чанд рӯз пеш Аслиддин Низомов, ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, имрӯз сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар зиёд шудааст. «Ҳамзамон, дар коллегияи вазорати маориф қайд карда шуд, ки имсол ҳатто пас аз қабул шудани «Қонун дар бораи масъулияти падару модар» се маротиба ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон зиёд шудааст».
Низомов мегӯяд, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки рӯзе нест, ки ҷавонон ягон кори ношоям накунанд. Ба қавли ӯ, як сабаби ин нарафтани ҷавонон ба театр ва чорабиниҳои фарҳангӣ мебошад: «Ҳоло донишгоҳи олиро тамом мекунанд ва дипломи олӣ мегиранд, панҷ сол дар шаҳр зиндагӣ мекунанд, вакте аз онҳо мепурсӣ, ки театр рафтаӣ, албатта мегӯянд ки не. Ман ҳайронам, ки онҳо чӣ гуна соҳиби дипломи олӣ мегарданд?».