66 фоизи техникаи «ТоҷикЭйр» баҳрабардорӣ намешавад
Дар тавозуни ширкати «ТоҷикЭйр» ба ҳолати аввали моҳи равон 36 адад ҳавопаймою чархбол ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин ҳамагӣ 12-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор доранду бас.
Масъулини «ТоҷикЭйр» дар қатори чархболу ҳавопаймоҳои истифодашаванда як Боинги 757-200, ду Боинги 737-500, як Боинги 737-300, як Ту-154, як Ан-26, як Ма-60 ва се чархболи -8МТВ – ро ном бурданд. 24 ҳавопаймои дигар дар нигоҳдории тӯлонӣ қарор доранд.
Дар мавриди табдили қисме аз ҳавопаймоҳои истифоданашаванда ба тайёраҳои боркаш Сӯҳроб Ҷураев, мудири техникии «ТоҷикЭйр» мегӯяд, ки хеле гаронарзиш хоҳад буд: «Мо ин имкониятро дида таҳлил кардем. Табдил додани техникае, ки мо дорем ба боркашонӣ хароҷоти зиёд мехоҳад. Аз ҷумла барои боркаш намудани як тайёраи ТУ -154 3 миллион доллари амрикоӣ лозим аст, ки ширкат чунин имкониятҳоро надорад».
Масъулини ширкат мегӯянд бисёри ширкатҳои хориҷӣ мехоҳанд, техникаашонро ба сифати оҳанпора харидорӣ намоянд, ки ин барои ширкат аз нигоҳи иқтисодӣ камманфиат аст. Бино ба ин аз фурӯши техникаашон то ҳол худдорӣ мекунанд.