баргард чоп кардан

Кӯлоб: Дар Мӯъминобод ҳазорҳо тонна мева нобуд мешавад

Пирмад Зарипов, раиси ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, боғдорони минтақа аз аввали сол инҷониб ба миқдори беш аз 525 тонна мева ба хориҷ аз кишвар содир кардаанд.


Гуфта мешавад, аз ин миқдор 100 тоннаи он аз ҳисоби идораи матлуботи ноҳия харидорӣ шуда, барои ба фурӯш баровардани мева ба деҳқонон кӯмак кардаанд . Мӯминобод ноҳияи кӯҳистон буда, он аграрӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо усулан ба боғкориву чорвопарварӣ шуғл доранд.

Тибқи хабари расмӣ дар ҳоли ҳозир ин ҷо беш аз 3 хазор гектар майдони боғзори нав бунёд ёфта, мавриди истифода карор гирифтааст. Ҷаноби Зарипов,раиси ноҳия мегӯяд, ҳар сол бо сабаби набудани корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ҳазорҳо тонна мева пӯсида нобуд мешавад: «Дар ноҳия корхонаи коркарди мева сахт зарур аст. Бо як-ду сехи истеҳсоли консерва наметавон талаботи сокинонро ҳал намуд. Аммо, мутаасифона, соҳибкорони маҳаллӣ ба ин самт хеле кам фарогир гаштаанд».