баргард чоп кардан

Гузориши роҳбарони ВАБК ба Эмомалӣ Раҳмон

Шоми дирӯз (26-уми июл) ба Эмомалӣ Раҳмон,  раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Рошткалъа, Шуғнон ва Ишкошим оид ба вазъи иҷтимоию сиёсии шаҳру ноҳияҳои вилоят ахбор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо доир ба васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни мардум, пешгирӣ аз амалҳои иғвогарона, таъмини амну суботи иҷтимоӣ ва ба корҳои созандагию ободонӣ сафарбар кардани аҳолӣ супоришҳои мушаххас дод.

Дар ин бора сомонаи расмии президенти Тоҷикистон (www.president.tj) иттилоъ медиҳад