баргард чоп кардан

Оташсӯзӣ дар ҳуҷраи кории депутат

Ҳуҷраи кории яке аз  вакилони Думаи давлатии Русия аз фраксияи ҳизби либерол-демократии Русия (ЛДПР) оташ гирифт.

Тавре аз дастгоҳи фраксияи ЛДПР хабар додаанд, бар асари оташсӯзӣ, дуди ғализ тамоми ошёнаи 10-уми бинои кӯҳнаи Думаи давлатиро фаро гирифтааст ва ба хотири таъмини амнияти мардум тамоми кормандонро аз кор ҷавоб додаанд.

 

Ба гуфтаи ин манбаъ сабаби сӯхтор, расиши кӯтоҳи ноқилҳо будааст.

Аммо хадамоти амниятӣ ва оташнишонии бино мегӯянд, сӯхтор дар ҳуҷраи вакил аз ҳизби ЛДПР  Горкова сар зада, тамоми таҷҳизоти кории ҳуҷра пурра сӯхтааст. Ҳамчунин ин хадамот гуфтааст, оташ ба пуррагӣ хомӯш карда шудааст ва хавфи гузаштани он ба дигар ҳуҷраҳои корӣ таҳдид намекунад.

Сабабҳои сар задани сӯхтор аз сӯи мақомот дақиқ карда мешавад.