Боло рафтани арзиши хизматрасониҳо дар Тоҷикистон
Кумитаи омор мегӯяд, тайи моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар кишвар нархи хизматрасониҳои пулакие, ки ба мардум расонда мешавад, беш аз 12 фоиз боло рафтааст.
Аз ҷумла нархи хизматрасонии тандурустӣ ба аҳолӣ давоми 6 моҳ 31,6 фоиз, қувваи барқ барои аҳолӣ 22,2 фоиз, хизматрасонии меҳмонхонаҳо-12,7 , хизмати муассисаҳои санаторию истироҳатӣ 11,8 фоиз, хизматрасонии меҳмонхонаҳо 12,7 фисад қимат шудаст.
Меҳмонхонаю тарабхонаҳои Тоҷикистон, ки рӯзафзунанд дар моҳҳои январ июни имсола ба мардум ба маблағи 251 миллион сомонӣ хизмат расондаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 3,1 фоиз бештар мебошад. Дар баробари ин, нархи таъмири пойафзол 18,6 фоиз, тарошидани сар 11,4 фоиз, хизматрасонии хушкашуйҳо 34,9 фоиз қиммат шудаст. Ҷаҳиши нисбатан назарраси нархҳо давоми моҳҳои январ июни соли ҷорӣ дар бахши мусофиркашонии ҳавоӣ ба қайд гирифта шудаст, ки нархи як чиптаи ҳавоӣ 1,8 маротиба қиммат шудаст.
Бино ба иттилои ин манбаъ, дар нимсола нархи чиптаи ҳавоӣ то Маскав то ба 700 доллари амрикоӣ расида буд, ки ин нисбати маоши ҳадди аққал дар Тоҷикистон 40 маротиба зиёдтар аст.