баргард чоп кардан

Хисороти воридшуда 38 миллион сомониро ташкил дод

Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯянд, имсол дар Тоҷикистон  38 ҷинояти сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ошкор гардидааст.

Манбаъ мегӯяд, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 адад зиёд мебошад. Бино ба иттилои агентии мазкур дар нимсолаи аввали соли равон 744 ҷинояти коррупсиёнӣ, иқтисоди хусусияти коррупсиёнидошта ва ба андоз алоқаманд ошкор гардид, ки 238 тои онҳоро ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ташкил медиҳанд.  
Аз ҷумлаи ҷиноятҳои ошкоргардида 438 -тоаш дуздӣ бо  роҳи азонихудкунӣ, исрофкорӣ ва қаллобӣ, 62 ҷинояти гирифтан ва додани пора, 9 адад ришвадиҳии тиҷоратӣ ва 19-тои дигар гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ мебоашанд».
Зарари молиявӣ аз ҷиноятҳои ошкоргардида беш аз 38 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки зимни санҷишу таҳқиқ зиёда аз 20 миллион сомонии он рӯёнида шудааст.