Раиси Кумитаи андоз: Ягон вазири тоҷик соҳибкорӣ намекунад
Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон тафриқандозиро миёни андозсупорандагон ва бештар мавриди санҷиш қарор додани соҳибкорони ба истиллоҳ «бепушту паноҳ» қатъиян инкор кард.
Давлатов таъкид кард, кӯшиш мекунанд тиҷоратҳои вобаста ба мансабдоронро пеш аз ҳама мавриди санҷиш қарор диҳанд, то барои дигарон намуна шавад. Раиси Кумитаи андоз мегӯяд, ягон вазири тоҷик шахсан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул нест, аз номи онҳо дигар нафарон баромад мекунанд: «Ҳеҷ вақт ягон вазир рафта ба тиҷорату фаъолияти соҳибкорӣ машғул намешавад. Агар соҳибмулк вай бошад, аз номи вай дар асоси ваколатнома хешовандонаш ё ягон шахси боваринок кор мекунад ва андозсупоранда ин шахс маҳсуб меёбад. Албатта мо маълумот дорем, ки ин маркази савдо ё бозор аз кӣ аст? Ман вақте ба санҷишҳои амалиётӣ равона мекунам, супориш медиҳам, ки бештар ба корхонаю ташкилотҳои мансабдорон аҳамият диҳанд, то ба дигарон намуна шаванд».
Раиси Кумитаи андоз эътироф кард, ки баъзан аз ҷониби соҳибмулкони баландпоя дахолат ба фаъолияти мақомоти андоз сурат мегирад: «Баъзан мешавад, ки соҳибмулк муроҷиат мекунад, даъват мекунад. Албатта мо мефаҳмонем, ки бародар, кӯшиш намо одами боваркардаат тавре фаъолияту андоз супорад, ки ҳам нисбати фаъолияти худат ва ҳам нисбати мо эрод нашавад».
Нусратулло Давлатов мегӯяд, ҳолатҳои ҷудокунӣ мумкин солҳои пеш буданд, лекин ҳозир қариб ҳама таҳти назоратанд.