баргард чоп кардан

Иқтисоди Тоҷикистон аз нигоҳи экологӣ ба қатори бадтаринҳо дохил шудааст

Иқтисодиёти Тоҷикистон аз нигоҳи экологӣ ва рушди сабз миёни кишварҳои ҷаҳон дар зинаи 121-ум қарор гирифтааст.

Пажуҳишгарони донишгоҳҳои Колумбия ва Йел вазъи «рушди сабз»-и 132 кишвари ҷаҳонро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Бадтарин нишондодро аз нигоҳи экологӣ иқтисодиёти Ӯзбакистон, Туркманистон ва Ироқ нишон додаанд. Пешсафон аз нигоҳи тозагии экологӣ Швейсария, Латвия ва Норвегия маҳсуб меёбанд. Миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил нишондоди беҳтарин ба Латвия (зинаи 2-юм), Литва (17-ум) ва Гурҷистон (ҷои 47-ум) тааллуқ дорад.
Дар паи онҳо Эстония (54-ум), Белорусия (65), Арманистон (93), Қирғизистон (101), Украина (102), Русия (106), Молдова (108), Озарбойҷон (111), Тоҷикистон (121), Қазоқистон (129), Ӯзбакистон (130) ва Туркманистон (131) қарор доранд.
Таҳиягарони гузориш мегӯянд, тайи солҳои 2000-2010 вазъи экологӣ бад шудааст. Махсусан, чунин ҳолат дар Эстония, Арабистони Саудӣ, Босния, Русия ва Ироқ ҷой дорад.
Меъёри тозагии экологии иқтисодиёт 22 омилро аз қабили тозагии обу ҳаво, таъсири муҳит ба саломатии инсон, захираҳои ҷангал, партовҳои зараррасон ба табиат ва ғайраро фаро гирифтааст.