Филм дар бораи Билоли Ҳабашӣ. Муаззини Паёмбар (с)
Зиндагии Билоли Ҳабашӣ,муаззини Паёмбари Акрам(с) дар қолиби сериале таҳти унвони "Импротури ишқ" дар ширкати "Симофилм" сохта мешавад.
Саидҷалоли Човушиён,таҳиякунандаи эронии ин маҷмӯъа гуфтааст,ки ин сериал ба коргардонии Беҳзоди Беҳзодпур дар ду фасли ҷудогона тарроҳӣ шуда,ки фасли аввал дар қолиби як минисериали 5 қисматӣ аст ва ҳамчунин як телефилм ба зиндагии волидайни ин муаззини шаҳири таърихи Ислом мепардозад.Дар фасли аввал шоҳиди шикасти сипоҳи Абраҳа, бародарзодаи ӯ,ки зане зебо ва шоҳзодаи дарбор аст,асир мешавад ва раиси қабилаи пирӯз барои таҳқири лашкари шикастхӯрда тасмим мегирад ин шоҳзодаро ба канизии зишттарин ғуломи сиёҳпӯсти худ дароварад ва аз ӯ мехоҳад,ки ниҳояти заҷру таҳқирро дар ҳаққи ӯ раво бинад,аммо зан дар сояи каромати барда ошиқи ӯ шуда ва бо ҳам издивоҷ мекунанд,ки ҳосили ин издивоҷ кӯдакест,ки номи ӯро Билол мегузоранд.
Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи таҳиякунандаи филм марҳалаи пешсохти сериал тамом шуда ва онҳо ба қисми дуюми сохти он шурўъ кардаанд. Ба гуфтаи Човушиён фасли дуюми кор низ ба зиндагӣ ва муборизаҳои ин саҳобаи вафодори Паёмбар(с) хоҳад пардохт.