баргард чоп кардан

ТВ «СМТ» ба мавҷи нав гузашт

Аз 6 августи соли 2012 ягона телевизиони хусусии пойтахти кишвар – «Симои мустақили Тоҷикистон» пахши барномаҳояшро дар басомади нав оғоз кард.

Дар ин бора муассис ва директори ин телевизион Зинатулло Исмоилов ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод. Бояд гуфт, беш аз ду сол боз ТВ «СМТ» дучори мушкилот буд: «Он ҳарчанд иҷозатномаи қонунии фаъолият дар басомади 29-ро дошт, вале базаи ҳарбии Русия мустақар дар Тоҷикистон барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Русияро ғайриқонунӣ дар ҳамин басомад пахш мекард ва барои бинандагони ТВ «СМТ» нороҳатиҳо эҷод мекард».
Бино ба гуфти Исмоилов, тамошои барномаҳои ТВ «СМТ» дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат, Варзоб, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Ёвону Файзобод имкон доранд ва ҳамарӯза барномаҳоро аз соати 18.00 то 23.00 ва аз соати 08.00 то соати 14.00 бемамониат тамошо кунанд.
- Барои тамошои барномаҳои мо – мегӯяд Зинатулло Исмоилов дар пулти телевизоратон тугмаи «меню»-ро пахш карда, бахши «настройка» - ро дарёбед. Сипас, тавассути «ручная настройка» дар мавчи детсиметрии UHF, дар басомади 550 мГц метавонед  барномахои ТВ «СМТ»-ро роҳат тамошо кунед.   
Ёдовар мешавем, ки СМТ аввалин телевизиони хусусии ҷамъиятӣ-сиёсии пойтахт буда, аз 18 июни соли 2007 фаъолият дорад.