То 40 фоиз арзон гардидани нархи таҳсил. Дар донишгоҳҳо
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон изҳоротро, ки муассисаҳои таълимии кишвар ҳаққи таҳсилро худихтиёрона ва беасос боло карда истодаанд, инкор карда таъкид мекунанд, ки ин равандро зери назорат қарор додаанд.
Ба иттилои манбаъ аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ, муайян кардани арзиш ва пешниҳоди хизматрасониҳои пулакӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимии Тоҷикистон қоидаҳои худро дорад, ки аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба мувофиқа расонда шудаст.
Сарчашмаи хабар баён дошт, ки барои соли таҳсили 2012 – 2013 то ба ҳол нархномаи таҳсили гурӯҳҳои шартномавии 20 донишгоҳу донишкадаҳо, 11 омӯзишгоҳи тиббӣ ва 4 омӯзишгоҳи касбӣ – техникиро мувофиқа карда тасдиқ намудаанд. Масъулини хадамот мегӯянд, ҳаққи таълимро аз нархҳое, ки худи муассисаҳои таълимӣ пешниҳод карданд аз 10 то 40 фоиз арзон намуда, баъд тасдиқ карданд.
Ин дар ҳолест, ки арзиши таҳсил дар баъзе донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 1,5 ҳазор доллари амрикоиро барои 1 сол ташкил медиҳад, ки нисбати маоши ҳадди ақал дар кишвар қариб 100 маротиба зиёдтар аст.