баргард чоп кардан

Садамаи нақлиётӣ мунҷар ба марги ронанда гардид

Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок  ронандаи 29 сола ҷони худро аз даст дод.

Тавре Маҳмадшариф Шамсов, масъули Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (РБДА)  ба  Озодагон иттилоъ дод, рӯзи гузашта, 6-уми август ронандаи автомашинаи тамғаи «Митсубиси»,  Бахтиёр Бобохонов аснои ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок дар километри 135-уми мавзеи «Дашти Айнӣ» идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, ба самти муқобили роҳ баромада бо автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»  бархурдааст: « Дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Опел-Астра», Масрурҷон Бобоеви 29 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона интиқол додан,  дар роҳ ба ҳалокат мерасад».  Сарчашмаи хабар илова намуд, ки мусофири автомашинаи «Опел-Астра», Ҳасан Ҳасанов ҷароҳати  ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.