баргард чоп кардан

Боздошти қочоқчӣ дар Душанбе. Бо 5 кило нашъа

Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса дар ноҳияи Сино маводи мухаддир кашфу мусодира гардид.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, зимни ин амалиёт Ориф Давлатназарови 45- сола, сокини кӯҷаи Ҳазораи ноҳияи Синои пойтахт  бо гумони нашъаҷаллобӣ дастгир   шуд. Тибқи иттилоъ, аснои кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи номбурда маводи нашъадори навъи «афюн», вазнаш 5 килою 520 грамм дарёфт ва мусодира карда шуда, айни ҳол ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Манбаъ инчунин афзуд, Ориф Давлатназаров қаблан  бо моддаи 200, қисми 4 кодекси ҷиноии Тоҷикистон  аз озодӣ маҳрум шуда буд.