баргард чоп кардан

Нархи шакар 28 фоиз арзон шуд

Тайи як соли охир маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла шакар дар бозорҳои пойтахт  арзон шуда, ҳоло як килои он дар бозорҳои пойтахт ба ҳисоби миёна 5 сомонию 13 дирам фурӯхта мешавад.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ин дар ҳолест, ки моҳи августи соли гузашта як кило шакар 7 сомонию 03 дирамро ташкил медод. Ба иттилои манбаъ, аз ҳама нархи гарони шакар дар бозори  " Варзоб» "  мушоҳида шуд,  ки бо нархи  5 сомонию 50 дирам ба фурӯш гузошта шудааст. Ин нишондод дар дӯконҳои шакарфурӯшии бозорҳои «Саховат»- у «Деҳқон» ва «Шохмансур»  ба 5 сомонӣ баробар мебошад.
Манбаъ инчунин афзуд, дар баробари ин ҳоло дар бозорҳои кишвар мушоҳида мешавад, ки нархи орд 30%, қаймоқ 20%, шир 30%, гӯшти гову гӯсфанд 20% боло рафтааст.