баргард чоп кардан

Дар Душанбе ду ҳамом мавриди истифодаи сокинон қарор гирифт

Симои меъмории шаҳр бо ба истифода додани иншооти гуногун ҳамарӯза дигар мешавад.

Ҳамчунин, ба ин васила ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон  муҳайё мегардад. Тибқи иттилои Шафқат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт, ахиран Убайдуллоев бо тасдики санадҳои Комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонашон анҷомёфта, барои мавриди истифодабарӣ қарор додани ҳаммоми ҷамъиятӣ барои 50 ҷой бо нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ дар кӯчаи Муҳаммадиев ва ҳаммоми шахсии азнавсозишуда, воқеъ дар кӯчаи Титов иҷоза дод.

Ҳамзамон, тибқи қарори марбутаи раиси шаҳр бинобар аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе бо арзиши фондҳои асосӣ ба маблағи 1 107 477 сомонӣ ба анҷом расидани сохтмони иншооти «Таъмир ва мустаҳкамкунии бинои бисёрквартирадори истиқоматии №5, воқеъ дар кӯчаи Адҳамови ноҳияи Шоҳмансур » бинои истиқоматии мазкур барои  истифодабарӣ ба тавозуни Кооперативи моликони манзили «Аҳмади Дониш»-и ноҳияи Шоҳмансур супорида мешавад.