баргард чоп кардан

«Амир»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт гардид

«Амир», як узви фаъоли «Ҳизб-ут-таҳрир» дар шимоли мамлакат боздошт гардид.

Тавре ба «Озодагон» аз раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои  фаврӣ-ҷустуҷуӣ дар ҳудуди ҷамоати Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сокини 46-солаи ҳамин мавзеъ А.А дастгир карда шудааст.

Маълум гашт, ки А.А аз соли 1998 ба аъзогии ҳизби ғайриқонунии экстремистии «Ҳизб-ут-таҳрир» шомил гашта, то моҳи декабри соли 2010 дар ҳудуди вилояти Сугд вазифаи «Амир»-ии ҳизби табушударо ба ӯҳда дошта, ба ташвиқоту тарғиботи он машғул будааст.

Вай инчунин, 2 июни соли равон дар  ҳудуди маҳаллаи 31-и шаҳри Хуҷанд варақахои характери экстремистӣ доштаи ҳизби мазкурро паҳн намудааст.

Феълан, нисбати А.А. парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 187 қисми 1 (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ), 189 қисми 1 (барангехтани кинаю адовати миллӣ,  нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 307 қисми 2 (даъвати оммавӣ  барои бо роҳи зуроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон)  КҶ оғоз гардида , тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, тибқи маълумоти прокуратураи вилояти Суғд, дар 3 моҳи аввали соли равон аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати 29 нафар аъзоёни ҳизби гайриконунии экстремистии «Ҳизб-ут-тахрир» парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.Фаъолияти ин ташкилот аз соли 2008 дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ гардидааст.{jathumbnail off}