«Шоҳмансур» ва «Корвон» макони фурӯши бозичаҳои ғайристандартӣ
Масъулини Агентии Тоҷикстандарт бозори «Шоҳмансур» ва «Корвон»-и пойтахтро макони фурӯши бозичаҳои ғайристандартӣ унвон карданд.
Тавре аз агентии мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, зимни як санҷиш дар 4 ҳолат фурӯши бозичаҳои кӯдаконаро, ки ба талабот ҷавобгӯ набуда, ба саломатии кӯдак зарароварнд, ошкор намуданд: «Се ҳолати фурӯши бозичаҳои ғайристандартӣ аз ҷониби тоҷирон дар бозори «Шоҳмансур» ва як ҳолат дар бозори «Корвон» ба қайд гирифта шуд». Манбаъ мегӯяд, шумораи бозичаҳои ошкоршуда 87 ададро ташкил медиҳад, ки онҳоро ба пуррагӣ аз муомилот бароварда, аз соҳибони мол ҷарима ситонидаанд. Масъулини Тоҷикстандарт иброз медоранд, ки дар ҷараёни ин санҷиш ҳамчунин беш аз 4 ҳазор кило ҳасиби муҳлатгузаштаро низ дар асоси муроҷиати худи соҳибкор несту нобуд кардаанд.