баргард чоп кардан

Ҳукумат нерӯҳои низомиро аз Хоруғ берун мекашад

Ёдгор Файзов, раиси намояндагии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтааст, ки тибқи маслиҳати байни ширкатдорони митинги эътирозӣ дар Хоруғ ва раҳбарони сохторҳои қудратӣ қарор аст, ҳукумат нерӯҳои низомиро аз Хоруғ берун кунад.

-Масъалаи муҳими дигар, ин ҷилавгирӣ аз таъқиби ширкатдорони намоиши эътирозӣ мебошад,-афзудааст Файзов.Ба қавли ӯ, барои пешгирӣ аз боз шудани ҳамагуна парвандаҳои ҷиноӣ созише миёни сохторҳои қудратӣ ва фаъолони шаҳр низ ҳосил шудааст. Зери ин санад Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиа, Рамазон Раҳимов, вазири умури дохила ва Раҷабалии Раҳмоналӣ, фармондеҳи горди президентӣ, инчунин Иброҳимбек Ғозибеков, раиси Маҷлиси вакилони шаҳри Хоруғ имзо гузоштаанд.
Райиси намояндагии Бунёди Оғохон иброз доштааст, ки мақомот барои берун бурдани нерӯҳо аз қаламрави Хоруғ шурӯъ кардаанд: «Нӯҳ Камаз барои интиқоли сарбозҳо аз Душанбе аллакай ба Хоруғ расидаанд».