баргард чоп кардан

Осорхонаро дар болои қабристони мусулмонҳо сохтанианд

Исроил мақсад дорад дар болои қабристоне, ки мусулмонон онро дорои арзиши таърихӣ ва қисмати ҷудонопазири минтақаи «Ал-қудс» медонанд, осорхонае бунёд намояд.

Феълан ба шаҳрдории Байтулмуқаддас ҳуҷҷатҳо барои иҷозаи сохтмон дар мазори Мамонуллоҳ, шарқии Байтулмуқаддас, ки аз сӯи Исроил ғасб шудааст, манзур гардидааст.

Лоиҳаи мазкур, ки боиси аз байн бурдани ёдгориҳои беш аз 200 солаи  мусулмонӣ мегардад, миёни қабилаҳои араб эътирозу нигарониро ба миён овардааст.

Дар сурати қабули лоиҳаи мазкур дар ҳудуди 6 ҳазор метри мураббаъ бинои шашошёнаи осорхона болои гӯристони мусулмонон сохта мешавад.{jathumbnail off}