Ҳар никоҳи 10–ум дар Тоҷикистон бо талоқ анҷом меёбад
Дар Тоҷикистон шумораи таллоқ сол ба сол бештар шуда, тибқи иттилои Агентии омор адади талоқ дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ба 1000 никоҳи басташуда 92 ададро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки нимсолаи аввали соли гузашта ба 1000 нигоҳи басташуда 83 талоқ рост меомад. Дар маҷмӯъ аз моҳи январ то 1-уми июн 3903 рақам талоқ қайд гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14, 3 % афзудааст. Дар баробари ин ақди никоҳ ҳам дар кишвар афзоиш ёфтаст. Бино ба маълумоти Агентии омор, адади никоҳи бақайдгирифтаи мақомоти САҲШ дар миқёси кишвар дар ин нимсола нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 3,4% афзуда, 42 ҳазору панҷсад ҷуфт ба ҳам ақди никоҳ бастаанд. Зиёдшавии бақайдгирии никоҳ дар моҳҳои январ то июни соли равон нисбат ба нимсолаи соли гузашта дар вилоят Суғд 6, 1% , яъне 10 ҳазору 900 ҷуфт, дар ноҳияҳои тобеи марказ 9,3% 10 ҳазору 700 ҷуфтро ташкил додаст. Дар вилояти Хатлон ва Бадахшон шумораи бастани ақди никоҳ нисбати соли гузашта коҳиш ёфтаст. Аммо афзоиши талоқ тамоми минтақарҳои кишварро фаро гирифтаст. Аз ҷумла ба иттилои Агентии омор дар ноҳияҳои тобеи марказ шумораи талоқҳо15,9% яъне 752 рақам, дар вилояти Хатлон 15,5% яъне 844 воҳид талоқ, дар шаҳри Душанбе 13, 2% яъне 547 воҳид талоқ, дар вилояти Суғд 12,7% - 1726 ва дар Бадахшон 54, 5% афзудааст.