Ректорони 3 донишгоҳ дар Тоҷикистон иваз шуданд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо амри худ Маҳмаисуф Имомовро раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент, Имомов дар ин мақом Ҳаёт Одинаевро иваз намуд, ки чанде қабл ба ин симмат таъин шуда буд. Маҳмаисуф Имомов то ин замон раёсати Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро бар ӯҳда дошт. Ҳаёт Одинаев бошад, бо сабаби "ба вазифаи дигар гузаштанаш» аз вазифа сабукдӯш гардидааст.
Ҳамзамон, бо қарори Ҳукумати кишвар, ки зери он президент имзо гузоштааст, Табаров Абдулло Ҳабибулоевич ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъин гардида, Салихов Нуралӣ Назарович ба курсии ректори Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон такя хоҳад кард.
Маврид ба ёдоварист, оқои Салихов то ин замон дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият дошт.