баргард чоп кардан

Ахтар Чодрӣ дар ҳузури райиси палатаи поёнии парлумони ҶТ

Имрӯз (28-уми август), Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН ҳайати норвегии Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро таҳти раёсати Ахтар Чодрӣ ба ҳузур пазируфт.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони мамлакат зимни ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт,  аснои нишаст масоили марбут ба таҳкими муносиботи байнипарлумонӣ миёни парламент хои Тоҷикистону парлумони Шоҳигарии Норвегия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
-Байни Тоҷикистон ва Норвегия заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати барқарор ва тақвият додани ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, фарҳангиву варзишӣ ва дигар соҳаҳо вуҷуд дорад, - гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Ба гуфти ӯ, бо назардошти мавҷуд будани шароити мусоиди ҳамкорӣ ҳанўз ҳам миёни кишварҳои мо равобити амиқ ба роҳ монда нашудааст. Тазаккур дода шуд, ки парлумони Шоҳигарии Норвегия таърихи беш аз 200- сола дорад ва барои Тоҷикистон истифода аз таҷрибаи парлумони он кишвар муфид аст.
Ҳамзамон, ҷаноби Ахтар Чодрӣ аз таваҷҷўҳи ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории зич бо Норвегия дар ҳамаи соҳаҳо изҳори хушҳолӣ намуда, таъкид дошт, ки тақвияти ҳар  навъ равобит барои боз ҳам мустаҳкам гардидани риштаи дўстӣ байни кишварҳо ва зиёд гардидани муҳаббат ва бародарӣ миёни миллати тоҷику норвегӣ мусоидат мекунад.
Маврид ба ёдоварист, муносиботи дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Норвегия соли 1992 барқарор шуда, дар чорчӯби ҳамкориҳои иқтисодӣ тайи солҳои охир ширкати норвегиягии “Norsk Hydro” бо корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ҳамкорӣ мекунад.