баргард чоп кардан

Кашфу мусодираи беш аз 4 кило нашъа дар мошини «Мерседес-Бенс»

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёти вижа аз дохили тамғаи «Мерседес-Бенс» як миқдор маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, аснои амалиёти мазкур Диловар Ҳайдарови 25-сола, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ломоносов бо иттиҳоми ғайриқонунии интиқоли воситаҳои нашъадор боздошт карда шуд.
Манбаъ афзуд, зимни азназаргузаронии автомашинаи Диловар Ҳайдаров, ки  тамғаи  «Мерседес-Бенсс» буда, рақами давлатиаш 50-43 АВ 01 РТ аст, 4 килою 706 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Феълан, нисбати Диловар Ҳайдаров парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.