Раиси Бонки миллӣ: Барои додани қарзҳои ипотекӣ ҳанӯз солҳо даркор аст
Дар Тоҷикистон ду даҳсола мешавад, ки бо вуҷуди эҳтиёҷоти зиёд қарзҳои ипотекӣ дода намешаванд.
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, барои қарзҳои ипотекӣ, ки дар ҳаҷми нисбатан калон бо фоизи пасту мӯҳлати дароз дода мешаванд, айни ҳол бонкҳои Тоҷикистон пул надоранд.
Ширинов мегӯяд, барои он ки бонкҳои кишвар иқтидори додани қарзҳои ипотекӣ пайдо кунанд, солҳои дигар даркор мешавад. Қарзҳои ипотекӣ ҳадди ақал ба мӯҳлати 30 сол дода мешаванд. Таҳлилгарони бахши бонк мегӯянд, барои додани қарзҳои дарозмуддату камфоиз пасандозҳои дарозмӯҳлату камфоиз лозим мебошанд.
Таҳлилгарони бонк иброз медоранд, ки айни замон қарзҳои бонкҳои Тоҷикистон аз 6 моҳ то 36 моҳ дода мешаванд, аммо аксари пасандозҳо аз 3 моҳ то 12 моҳ мебошанд.
Бонкҳо ӯҳдадоранд, ки сари вақт фоизҳои пасандозҳоро руйпуш намоянд ва наметавонанд ба мӯҳлати дарозу фоизи пасттар қарз диҳанд.