баргард чоп кардан

66 фоизи об аз Норак бефоида ҷорӣ мешавад

Тибқи иттилои ширкати «Барқи тоҷик» айни ҳол 66 фоизи оби дарёи Вахш, ки ба обанбори Норак ворид мешавад, бе коркарди барқ партофта шуда истодааст.

Масъулини ширкат ҳаҷми ҷараёни об дар дарёи Вахшро ҳудуди ҳазору 600 метри мукааб арзёбӣ мекунанд, ки аз ин барои истеҳсоли барқ ҳамагӣ 700 метри мукааб равона мегардад. Боқимонда бе истеҳсоли барқ партофта шуда истодааст.
Зимнан, онҳо изҳор медоранд, ки айни ҳол ҳаҷми об дар обанбори Норак дар сатҳи 910 метр мебошад ва обанбор пуроб маҳсуб мешавад. Захираи об дар обанбор 63 метр аст, ки дар фасли сармо ҳангоми кам шудани ҷараёни об истифода мегардад.
Дар сурати то 857 метр расидани сатҳи об дар обанбори Норак, масъулини ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, истифодаи минбаъдаи захираи обанбор хатарнок хоҳад буд.
Дар мавриди замони роҳандозии маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон масъулини «Барқи тоҷик» мегӯянд, ки ҳанӯз барвақт аст ва асосан роҳандозии маҳдудият аз табиат вобаста аст. Соли гузашта дар кишвар 11 –уми октябр расман маҳдудияти барқ ҷорӣ гардида буд.