баргард чоп кардан

Девонаев барои ошноӣ бо вазъи муҳоҷирони тоҷик ба Русия рафтааст

Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо Константин Ромодановский, роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мулоқот намуд.

Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ доданд, ҷонибҳо зимни дидор масъалаи ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия, омӯзиши забон ва дигар мушкилоти вобаста ба соҳаро баррасӣ намуданд. Манбаъ мегӯяд, мақсад аз сафари роҳбарияти хадамот ба Федератсияи Русия  шиносоӣ бо вазъи феълии муҳоҷирони тоҷик мебошад.
«Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон барои ба танзим даровардани раванди муҳоҷират як қатор созишномаву қарордод бо ниҳодҳои мухталиф ва кишварҳои хориҷаро таҳия кардааст»,-афзуд сарчашмаи хабар.
Мавриди тазаккур аст, ки Сафиаллоҳ Девоанев 30-уми августи соли равон ба Русия сафар намуда, то кунун он ҷо қарор дорад.