баргард чоп кардан

300 наврас даст ба тазоҳурот заданд

Беш аз 300 навраc дар шаҳри Байконур пулиси русро мавриди ҳамла қарор дода, бар сарашон борони сангу шишаҳо рехтаанд. Бино ба маълумоти мақомоти интизомӣ, ки аз ҳисоби ВКД-и Русия дар ин шаҳри иҷоравии Қазоқистон тартиботи ҷамъиятиро посдорӣ мекунанд, аксари тазоҳуротчиён наврасони аз 13 то 16 сола будаанд.

 

Ин таҳоҷум бар асари хушунати  миёни чанд навраси қазоқ ва пулиси рус сурат гирифтааст. Мошини назоратии (патрули) пулис бар асари  ба  сараш рехтани борони сангу шиша фавран аз ҷойи ҳодиса фироор кардааст, менависанд оҷонсиҳои хабарӣ. Аммо пулис мегӯяд, ин фирори онҳо танҳо ба хотири ором кардани вазъ будааст.

Пулиси Байконур ба хотири таҳти назорат қарор додани вазъ бо эълони «ҳолати изтирорӣ» (бонги хатар) ҳайати пурраи худро фавран ҷалб намуда, танҳо субҳ муваффақ шудааст, ки ба бетартибӣ хотима бахшад.

Аз сӯи пулис  беш аз 150 наврас боздошт гардида, баъди «корҳои фаҳмондадиҳӣ» субҳи имрӯз озод карда шудаанд.{jathumbnail off}