баргард чоп кардан

Муҳаммадҷон Шакурӣ дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида мешавад

Маросими ҷанозаи устод Шакурӣ имрӯз, 17-уми сентябр дар Душанбе баргузор мегардад ва ӯ дар оромгоҳи Лучоби канори пойтахт ба хок супорида мешавад.

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ тайи чанд рӯзи ахир дар бемористони Ибни Синои Душанбе бистарӣ буд ва аз дастгоҳи сунъӣ нафас мекашид. Рӯзи якшанбеи 16-уми сентябр, тайи як изҳороти расмӣ касалхонаи мазкур эълом дошт, ки: «Муҳаммадҷон Шакурӣ пас аз бемории тӯлонӣ соати 3:47 дақиқаи субҳи якшанбеи 16-сентябр дар бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе дар сини ҳаштоду ҳафт солагӣ вафот кард. Устод Шакурӣ бо ташхсиси саратони ғадуди простата бо метазтаза ба устухонҳои кос ва сутунмӯҳра, дар таърихи 5-уми сентябри соли 2012 дар ин бемористон бистарӣ шуда ва аз соати 17-и рӯзи 14-уми сентябр дар ҳолати кома ва дар зери дастгоҳи маснуии танаффус қарор дошт».

Маврид ба тазаккур аст, ки чанд моҳ қабл аз ин, Муҳаммадҷон Шакурӣ барои муолиҷа ва истироҳат ба давлати исломии Эрон рафта буд. Тибқи иттилои пайвандони ӯ, ахиран бемории устод хурӯҷ карда, пас аз бозгашт аз Теҳрон ва як ҳафтаи ахир дар касалхонаи Ибни Синои Душанбе табобат мегирифт. Ӯ аз моҳи ноябри соли гузашта то моҳи марти имсол нахуст дар Теҳрон ва сипас дар шаҳри Ню-Кассли Бритониё, ки писараш Анвар дар он ҷо зиндагӣ мекунад, таҳти муолиҷаи духтурон қарор дошт.

Академик Шакурӣ аз соли 1996 ба ин сӯ узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар Теҳрон аст. Соли 2005 ӯ ба унвони "чеҳраи мондагор" дар Эрон баргузида шуд. Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳудуди 50 китоб ва 500 мақола дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла адабиётшиносӣ ва таърих, фарҳанг ва забон навиштааст. Китоби "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад"-и ӯ боиси шӯҳрати рӯзафзунаш гашта, он ҳанӯз дар аввали солҳои 80-уми асри гузашта ба ин тараф чандин маротиба ба нашр расидааст. Ҳамчунин, ду асари гаронарзиши ӯ: "Хуросон аст инҷо" ва "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" аз таълифоти ахираш маҳсуб мегарданд.