баргард чоп кардан

Кӯлоб: Хонаи ақди никоҳ валангор гардид

Бар асари шамоли сахт боми бинои «Хонаи ақди никоҳ» валангор гардид.

Тавре хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод, шоми дирӯз шамоли сахт вазида, болопӯши муассисаи мазкурро дар ин  шаҳр ба замин афтонидааст. Ба шаҳодати шоҳидон, ҳамарӯза зери сояи ҳамин бино нақлиёти зиёд ист мекард. Хушбахтона, он бегоҳ танҳи як нақлиёти сабукрави тамғаи «Некси» муттааллиқ ба фурӯшандаи дӯкони доруфурӯшӣ, ки дар ошёнаи аввали ҳамин бино қарор дорад, будаасту бас. Боми вазнини иборат аз чӯбу тахта ва тунука болои нақлиёт ва чанд тан дарахт афтода, дарахтҳоро шикаста, нақлиётро хароб кардаву як қисмати хурди бинои ошхонаи зери бинобурдаро ҳам зарар додааст. Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, соле пештар низ як қисмати боми ҳамин биноро шамоли сахт канда, болои чанд нақлиёт зада буд.