Намояндаҳои Тоҷикистон интихоботи парлумонии Белорусро назорат хоҳанд кард
Фардо, 21-уми сентябр ду намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон ба Белорус меравад.
Раҷабалӣ Тағоев, Раҷабмурод Ашӯров ва ду вакили Маҷлиси намояндагони кишвар ҷараёни интихоботи парлумонии Белорусро, ки 23-юми сентябр баргузор мешавад, назорат хоҳанд кард. Намояндаҳои Тоҷикистон ба ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомиланд.
Ба ҷуз намояндаҳои Тоҷикистон боз 326 нозири дигар аз ИДМ раванди овоздиҳиро мушоҳида мекунанд. Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ роҳбарии ҳайати нозиронро бар душ дорад.
Ёдовар мешавем, барои 110 курсии палатаи поёнии парлумони Белорус 294 номзад мубориза мебаранд.