баргард чоп кардан

Сархушӣ сабаби ҳалокати ронанда шуд

Сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мунҷар ба марги ронандаи 25 сола гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохила ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, Шералӣ Ҷӯраев, сокини деҳаи Мичурини ҷамоати деҳоти Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷчати ронандагӣ автомашинаи тамғаи «Планета-5», ки рақами қайди давлатӣ надошт, идора карда, дар роҳи нақлиётгарди Ғафуров-Овчи-Қалъача аз ӯҳдаи идораи он набаромада, ба дарахти канори рости роҳ бархӯрдааст.

«Дар натиҷа худи ронанда Шералӣ Ҷӯраеви 25 сола, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст»,-афзуд манбаъ.