баргард чоп кардан

Афғонистон ба Покистон ҳушдор медиҳад

Афғонистон ба ҳукумати давлати ҳамҷавор-Покистон ҳушдор дод, ки тирпарониҳо аз қаламрави он кишвар метавонад ба муносиботи Кобул ва Исломобод латма ворид созад.

Залмай Расул, вазири умури хориҷии Афғонистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ гуфт, дар пайи тирандозиҳои чанд моҳи ахир аз сӯи қаламрави Покистон даҳҳо сокини осоишта кушта шудаанд.

 

Мақомоти Афғонистон аз ин пеш низ чандин маврид изҳор доштанд, ки артиши Покистон мавзеи ҷангиён дар музофотҳои Кунор ва Нуристонро мавриди ҳамла қарор медиҳад, ки сабаби фирори сокинони мулкӣ аз манзилҳояшон шудааст.

Покистон бошад, дар навбати худ афғонҳоро барои паноҳгоҳ додан ба ошубгароне, ки дар қаламрави Покистон амалҳои терорӣ анҷом медиҳанд, гунаҳкор мекунад.