Нишасти шўрои амният дар бораи барномаи ҳастаии Эрон
Намояндагони кишварҳои узви шурои амният нишастeро дар Ню Йорк баргузор карда ва ба баррасии мавзўъи ҳастаии Эрон пардохтанд.
Ба гузориши Форс Сузон Райс, намояндаи Амрико дар Созмони милали муттаҳид дар нишасти шўрои амнияти Созмони милал дар бораи таҳримҳои Эрон гуфт: замон дар ҳоли ҳадар рафтан аст. Вай афзуд: қудратҳои байналмилалӣ, иборат аз Англия, Чин, Фаронса, Олмон, Русия ва Амрико наметавонанд ба таври номаҳдуд ба гуфтугўҳои ҳастаии худ бо Эрон идома диҳанд.
Райс дар идома гуфт: мо наметавонем вориди раванди бидуни поёни музокироте шавем, ки то кунун бенатиҷа буда аст. Бинобар ин ба таври мушаxхас ва муттаҳид ба дунболи роҳи ҳалле барои нигарониҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон бошем.
Марк Лиёл Грант, намояндаи Англия дар Созмони милал низ дар ин нишаст гуфт: Эрон дар марҳилаи муҳиме қарор гирифта аст. Вай афзуд: ин кишвар метавонад нигарониҳои ҷомeаи байналмилалӣ дар бораи барномаи ҳастаии худро нодида бигирад ва ё ҳатто метавонад дарбораи созише гуфтугў кунад, ки ба дарки мутақобил аз бартариҳои барномаи ҳастаии ғайринизомӣ кумак намояд.
Ҷерард Ару, намояндаи Фаронса дар Созмони милал низ гуфт: мо аз Эрон мехоҳем, ки музокира кунад, аммо Эрон музокира намекунад.
Ин изҳорот дар шароите матраҳ шуда аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳар бор барои анҷоми гуфтугўҳо бо 6 кишвар дар бораи барномаи ҳастаии худ эълони омодагӣ карда, аммо кишварҳои ғарбӣ ҳар бор бо коршиканӣ дар баргузории ин нишастҳо, боъиси бенатиҷа мондани ин гуфтугўҳо мешаванд, аммо дар ниҳоят низ ҳар бор ба гунае рафтор мекунанд, ки гўё ин Эрон аст, ки тамоюле ба гуфтугў надорад.
Бинобарин гузориш нишасти мазкур дуруст як ҳафта қабл аз баргузории суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар маҷмаъи умумии Cозмони милал дар Ню Йорк баргузор шудааст.