Шоми дирӯз, 21-уми сентябр дар назди театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 10-умин солгарди таъсиси радиои «Азия-плюс» консерти идона баргузор шуд.
Тавре масъулини радиои «Азия-плюс» иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории консерт ин буд, ки 10 сол пеш вақте «Азия-плюс» ба фаъолият оғоз намуд ба ифтихори кушодашавии он дар боғи марказии шаҳори Душанбе чунин барномаи ҳунарӣ созмон ёфт. Аз ҳамин сабаб барои ҷашни 10 солагии радио низ бо дастгирии ҳукумати шаҳри Душанбе онҳо қарор додаанд, барои сокинони пойтахт консерти идонае роҳандозӣ намоянд.
Далер Назаров, Парвин Юсуфӣ, Нигина Амонқулова, гурӯҳҳои «Шамс» ва «Авесто», Зайнура Пулодова, Ҳабиб Ҳакимов, Самад Ғанӣ, Сироҷиддин Фозилов ва дигарон аз меҳмонҳо аслии консерт буданд.