Истеҳсоли картошка аз нишондоди президент камтар дар назар аст
Тибқи иттилои масъулини Вазорати кишварзӣ истеҳсоли картошка дар хоҷагиҳои фермерию ҷамъиятӣ тайи ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ 136 ҳазор тоннаро ташкил додаст. Ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 34 ҳазор тонна бештар аст.
Масъулини кишоварзӣ таъкид мекунанд, ки дар ин нишондод истеҳсоли картошка аз ҷониби аҳолӣ ҳисоб нашудааст. Масъулини вазорат мегӯянд, дар хоҷагиҳои фермерию ҷамъиятӣ майдони картошка 21 ҳазор гектарро ташкил додаст, ки аз 6,5 ҳазор гектараш аллакай ҳосил ҷамъоварӣ шудаст. Ҳосилнокии миёна дар баъзе ноҳияҳои картошкапарвар, аз ҷумла Мастчоҳи кӯҳӣ 200 гектар арзёбӣ мешавад.
Навъҳои нисбатан маъмули картошка, ки дар кишвар кишт мешаванд, «Пикасо», «Кардинал» ва «Санте» мебошад. Тибқи пешгӯиҳо дар маҷмӯъ дар кишвар истеҳсоли 900 ҳазор тонна картошка дар назар аст. Дар ҳоле, ки президенти Тоҷикистон дар аввали мавсими киштукор истеҳсоли як миллион тоннаро мақсад гузошта буд. Дар Тоҷикистон бо супориши президент ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ содироти картошка аз кишвар манъ аст. Дар ҳамин ҳол нархи картошка дар бозор ҳафтаҳои охир рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Тибқи мониторинги Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар картошка, тайи як моҳи охир 28 фоиз арзон шуда, айни ҳол як килои он ба ивази 1,7 сомонӣ дар фурӯш аст.