баргард чоп кардан

2011-05-05 13:00

Барандаи ҷойи аввали озмуни кишоварзон имкон дорад, ки ба Ветнам сафар карда, аз ин кишвар дидан намояд.

Тибқи иттилои вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, ширкати  «ВТЕ-СИЛК» -и шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, кирмакпарвареро,  ки ҷои аввалро мегирад  бо роҳхати бепул ба  ҷумҳурии халқи Ветнам фиристад. Пиллапарвари пешқадами баъдӣ  бо телевизиони ранга,  2-ҷой сеюм бо велисипед  ва се ҷойи сеюм бо ҳар кадомаш 300 сомонӣ маблағ дода мешавад.  Ҳамзамон,   ҶДММ «Дӯсти»  ба корхонаи пиллаи ноҳияе, ки ҷой аввалро мегирад автомошинаи сабукрав, ҷойи дуюм се-ҳазор   сомонӣ, ҷойи сеюм  ду- ҳазор сомонӣ тақдим мекунад. Тибқи иҷроиши шартҳои  озмун  даҳ нафар кирмакпарваронро 300 сомонӣ  ва  20 нафари дигарро дар ҳаҷми 200 сомонӣ мукофотпулӣ  интизор аст. Тавре ба «Озодагон» масъули дафтари матбуотии вазорати энергетика ва саноат Тоҷинисо Азизова гуфт, ин тасмим  дар вилояти Суғд бо пешниҳоди раёсати пилла , мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят бо дастгирии сармоягузорон амалӣ хоҳад шуд.