баргард чоп кардан

Саҳфаи интернетии Муҳаммадҷон Шакурӣ боз шуд. Баъд аз маргаш

Баъд аз баҳсҳои тӯлонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба фаъол набудани саҳфаи махсуси академики тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар шабакаи интернет, сомонаи ӯ боз шуд.

www.shakuri.tj аз саҳифаи асосӣ, ҳаёт ва фаъолият, навиштаҳо, китобҳо, мусоҳиба, мақолаҳо ва сурудаҳо дар бораи Муҳаммадҷон Шакурӣ иборат аст.

Ёдовар мешавем, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ 16-уми сентябр дар синни 87 солагӣ даргузашт. Муҳаммадҷон Шакурӣ тӯли шаст соли кораш дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт даҳҳо асару садҳо мақола дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ навиштааст. Устод муаллифи 44 китоб ва бештар аз 500 мақола буда ва бештари дастхатҳои ӯ дар саҳфаи интернетӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ ҷой дода шудааст.