баргард чоп кардан

Дар Гурҷистон интихоботи парлумонӣ ҷараён дорад

Имрӯз, 1-уми октябр дар Гурҷистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад.

Барои 150 курсӣ намояндагони 16 субъекти интихоботӣ- 14 ҳизб ва ду эътилоф мубориза мебаранд.

Коршиносон мегӯянд, набарди аслӣ миёни ҳизби ҳокими «Ҷунбиши миллӣ»-и президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ва эътилофи «Орзӯи Гурҷистон»-и миллиардер Бидзина Иванишвилӣ ҷараён хоҳад гирифт.

Ҷараёни интихоботи парлумони Гурҷистонро беш аз 61 000 нозир, бо шумули тақрибан 1500 нозири хориҷӣ, ки 300-аш аз САҲА ва 54 тани дигар аз Маҷмаи парлумонии ин созмон намояндагӣ мекунанд, назорат хоҳанд бурд.