баргард чоп кардан

Камонварони 7 кишвар барои ҷоизаи Зебунисо Рустамова мубориза мебаранд

Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаи Зебунисо Рустамова дар дар Вилояти Суғд оғоз гардид.

Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, бо мақсади такмилу инкишофи ҳамаҷонибаи камонварӣ шурӯъ аз имрӯз то 15-уми октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд сабқати кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаи Зебунисо Рустамова доир мегардад.

Дар чорабинии мазкур ширкати варзишгарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Эрон, Белорусия ва Русия дар назар аст.