Туркия ба Миср 1 миллиард $ медиҳад
Бо сафари раиси ҷумҳури Миср ба Анқара, давлати Туркия бо додани қарзи як миллиард долларӣ ба Қоҳира мувофиқат кард.
Ба гузориши Форс ба нақл аз расонаҳои Миср, Муҳаммад Мурсӣ ба манзури дидор ва гуфтугӯ бо раҳбарони Туркия ва ширкат дар конфронси солонаи ҳизби “Адолат” ва тавсиъаи ин кишвар, рӯзи якшанбе ба Анқара сафар кард. Дар ҷарёни ин сафар давлати Туркия эълон кард, ки бо додани қарзи як миллиард долларӣ ба Қоҳира мувофиқат кардааст.
Бар асоси ин гузориш, Мурси дар суханронии худ дар маҳалли баргузории конфронси солонаи ҳизби “Адолат” ва тавсеъа изҳор дошт: “Мо аз миллатҳое ҳимоят мекунем, ки хостори озодӣ ва истиқлол ҳастанд. Мурси ҳамчунин таъкид кард, ки Миср ва Туркия бародаранд ва Қоҳира дар ноябри оянда барои истиқбол аз нухуствазири Туркия ва ҳайати вазирон ва бозаргонони ин кишвар омода мешавад.
Ҳамзамон ӯ афзуд, ки Миср ва Туркия дар хусуси ду қазияи Фаластин ва Сурия бо ҳам иттифоқи назар доранд ва туркҳо дар ҷарёни инқилоби 25 январ низ дар канори Миср буданд ва аз он ҳимоят карданд.