Рӯзҳои 3 ва 4-уми октябри соли равон дар пойтахти кишвар ҷаласаи 27-уми Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор мегардад.
Тавре Абдуғаффор Қурбонов, масъули маркази матбуотии Бонки миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, дар кори ҷаласа роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзо, аз ҷумла Федератсияи Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Бонки байнидавлатӣ иштирок хоҳанд кард.
Бино ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки дар рафти ҷаласа вазъи низоми пардохт ва идораи захираҳои байналмилалии давлатҳои аъзо, қонунгузории давлатҳои иттиҳоди номбурда дар мавриди масъулияти ташкилотҳои молиявию қарзӣ, таҳлили инкишофи бозорҳои асъори давлатҳои аъзо ва масъалаҳои дигар мавриди бараси қарор гирад.