Дар шимоли кишвар садама боиси марги як нафар шуд
Дар ин бора ба Озодагон аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Бино ба хабари манбаъ, Зайнулло Саидов, сокини ноҳияи Файзобод, ки боркаши «КАМАЗ-53212»-ро меронд, аснои ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе дар километри 68-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз ӯҳдаи идораи он набаромада, автомашинаро ба канори чапи роҳ чаппа мекунад. Дар натиҷа ронандаи 30 сола аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.