баргард чоп кардан

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин мулоқот мекунад

Шоми дирӯз, 4-уми октябр Владимир Путин, президенти Русия вориди Душанбе шуд.

Имрӯз Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот хоҳад кард. Сомонаи президенти Тоҷикистон менависад, дар ин дидор ҷонибҳо масоили сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва ҳарбию техникиро баррасӣ хоҳанд кард.

«Пас аз музокирот ба имзо расидани як зумра санадҳои муҳим доир ба рушди ҳамкории минбаъдаи ду шарики стратегӣ дар назар аст»,-хабар медиҳад манбаъ.
Коршиносон мегӯянд, яке аз мавзӯҳои аслии гуфтугӯи ду президент ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ва фурудгоҳи низомии Айнӣ хоҳад буд.