баргард чоп кардан

11-уми октябр- Рӯзи байналмилаили духтарон

Бори аввал аст, ки ин сана дар ҷаҳон  ҳамчун Рӯзи байналмилаии духтарҳо ҷашн гирифта мешавад ва дар Тоҷикистон ҳам барои таҷлили аз ин рӯз омодагӣ мебинанд.

Бино ба иттилои дафтари намояндагии СММ дар Тоҷикистон, ин рӯз бо қарори Дабири кулли ин ташкилот дар посух ба чолишҳое, ки занҳо ва духтарон дар саросари ҷаҳон бо он рӯ ба рӯ мешаванд, таъин гардидааст. Намояндагии UNFPA дар Точикистон маъракаи иттилоотӣ бахшида  ба ин рӯзро доир хохад кард, ки дар ин самт аз хидмати
ВАО, омода кардани барномаҳои радиоиву телевизионӣ ва кор бо раҳбарони чамоаҳо дар манотиқ кор гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, бахшида ба Рӯзи байналмилаии духтарҳо мусобиқа дар саҳифаи ЮНФПА дар шабакаи ичтимоъии Фейсбук  мегузарад. Барои иштирок дар ин мусобиқа ширкаткунандагон бояд дар саҳифаи  UNFPA маводи худро дар мавриди  духтарон, хукуқи онҳо (маориф, тандурустӣ, баробари ва ҳаёти солим), тақдир (шеър, қиссаҳои кӯтоҳ то 200 калима, расм, аксҳои мавзуӣ) ихтисос дода шудааст. Ҳар ширкаткунанда метавонад, танҳо як кори худро фиристонад.

Ҳамчунин дар назар аст, фардо дар «Маркази Исмоилия»-и шаҳри Душанбе  ҳамоише ба муносибати ин рӯз баргузор гардад, ки дар он проблемаҳои  ҷавондухтарон дарТоҷикистон ва дигар масъалаҳо вобаста ба ин матраҳ хоҳад шуд.