баргард чоп кардан

Беш аз 565 ҳазор мусофир аз хидматрасонии ФБД истифода бурданд

Дар ин бора Маҳмадюсуф Шодиев, масъули хадамоти матбуотии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Озодагон хабар дод.

Ин нукта дар суханронии Азиз Иброҳимов, муовини директори корхонаи мазкур зимни ҷаласаи ҷамъбасти нӯҳмоҳа баён гардида, ба қавли ӯ, алъон фурудгоҳи Душанбе бо 6 ширкати ҳавопаймоии мамолики хориҷи дур, 15 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ширкатҳои маҳаллии ҳавопаймоии кишвар –«Тоҷик Эйр»-у «Сомон Эйр» дар маҷмӯъ, бо 24 ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ дорад.

Тибқи иттилоои сарчашма, миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар нӯҳ моҳи соли равон 1530 тоннаю 431 килограммро ташкил дод. Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ мутобиқи меъёрҳои муайянкардаи Ташкилоти байналхалқии авиатсионӣ - ИКАО амал намуда амнияти авиатсионӣ, мусофирон, бор ва бағоҷро пурра таъмин намуд.

Дар ҳамин ҳол, қайд шуд, ки беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, такмили маҳорату малакаи касбии кормандон, беҳтар ва пурзӯр кардани низоми амният,   тақвияти назорат нисбати пешгирии вуруди бемориҳои махсусан вазнини сирояткунанда ба қаламрави ҷумҳурӣ аз афзалияти кори кормандон маҳсуб мегардад.