баргард чоп кардан

Милиса боз як нафарро бо гумони қаллобӣ боздошт кард

Ин навбат кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Суҳроб Сафарови 37 сола, сокини деҳаи Зафари ноҳияи Рӯдакиро дастгир намудаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, масъули дафтари матбуоти ВКД ба Озодагон хабар дод, ки номбурда 31-уми июли соли 2008 дар ҳудуди деҳаи Гиждалобод бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Саймумин Мирзоеви 37 сола, сокини ҳамин русто даромада, аз ӯ барои тиҷорат 27 000 доллари амрикоӣ гирифта, барнагардондааст.

«Нисбати ин қазия парванда боз шуда, тафтишот идома дорад»,-афзуд манбаъ.