баргард чоп кардан

Табодули амвол миёни Тоҷикистону Эстония аз 7 миллион $ гузашт

Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония (бо қароргоҳ дар Минск) Қозидавлат Қоимдодов ба президенти ин кишвар Томас Ҳендрик Илвес эътимоднома супорид.

Тавре ба Озодагон Давлаталӣ Назриев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурї иттилоъ дод,  пас аз маросими расмӣ, сӯҳбати мустақими президенти Ҷумҳурии Эстония бо сафири Тоҷикистон доир гардид.

Ҷонибҳо робитаҳои тиҷоратию иқтисодии ду ҷонибро муҳокима карда, зикр намуданд, ки робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва инвеститсионӣ ҳаҷмҳои нисбатан кам дошта бошанд ҳам, тамоюли мусбати инкишофро доранд. Аз ҷумла, дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 савдои мутақобилаи байни ду кишвар 30 % афзуда, 2,654 млн доллари ИМА-ро ташкил намуд. Дар нимсолаи аввали соли 2012 гардиши савдои байни Тоҷикистону Эстония 7,16 млн долларро ташкил дод. Дипломати тоҷик ва президенти Эстония ба мувофиқа расиданд, ки таъсис додани Комиссияи байниҳукуматӣ яке аз воситаҳои таъсирбахш ҷиҳати фаъол намудани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва тавсеаи робитаҳои байни доираҳои соҳибкорӣ мебошад. Дар рафти сӯҳбат соҳаҳои саноат, бахши аграрӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсияҳо, истифодаи таҷрибаи Эстония дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ишора гардиданд.