Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёт дар кӯчаи Ғафурови ноҳияи Сино як миқдор маводи мухаддир мусодира карданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, аснои амалиёти мазкур дар назди бозори маҳаллаи 103, бо гумони интиқоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор Манучеҳр Гадоеви 21-сола, сокини шаҳри Норак дастгир карда шудааст.
Манбаъ афзуд, аснои кофтуков аз дохили сумкаи варзишии Гадоев, маводи нашъадори навъи ҳашиш, ки вазни он 9 килою 258 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира гардид.
Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад