баргард чоп кардан

Кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав

Рӯзҳои  наздик аз шаҳри Пушкинои вилояти Маскав ҷасади як тоҷикро ба Ватан меоранд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Озодагон гуфтанд, рӯзи 11-уми октябри соли равон, дар наздикии шаҳри Пушкинои вилояти Маскав ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Аҳтамшо Шарифов пайдо карда шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, қабл аз пайдо карда шудани ҷасад, Додихудо Назаров, як тан аз пайвандони марҳум, ба Сафорат дар бораи чанд рӯз пеш нопадид шудани додарарӯсаш Аҳтамшо муроҷиат намудааст. Баъдан мавзӯъ аз ҷониби кормандони Сафорат мавриди пайгирӣ қарор гирифт.

Манбаъ афзуд, ки айни замон корҳои тафтишотӣ аз сӯйи мақомоти дахлдори кишвари иқомат, аз ҷумла Бахши тафтишотии Раёсати тафтишотии Ҳавзаи маъмурии Шимолу Шарқи шаҳр Маскави Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия идома дорад. Инчунин мавзӯъ мавриди пайгирии ҷиддии Сафорат қарор гирифта, иттилои бештар дар ин замина дар фурсатҳои наздик, пас аз рӯшан шудани  ҷузъиёти ҳодиса, пахш хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки Аҳтамшо Шарифови 24 сола, зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон буда, бошандаи деҳаи Наврӯзи ҷамоати Озодагон будааст.